Сергей Брин
From Wikipedia, the free encyclopedia
Серге́й Миха́йлович Брин (англ. Sergey Brin; зод. 21 август 1973[1][2][3][…], Маскав, ИҶШС)[7][8][9] — муҳандиси роёна ва соҳибкори интернетии амрикоӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамҷоя ӯ бо Ларри Пейҷ, Google -ро таъсис додааст. Брин президенти ширкати модарии Google, Alphabet Inc., ба ҳисоб рафта ӯ аз ин мақомаш 3 декабри соли 2019 ба истеъфо баромадаст.[10] Брин ва Пейҷ ҳамчун ҳаммуассис, саҳмдорони назирӣ, аъзои раёсат ва кормандон дар Alphabet боқӣ мондаанд. Мувовифиқи омори соҳи январи соли 2021, Брин 9-умин сарватманди ҷаҳон аст, ки дороиаш тақрибан 75 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.[11][12]
русӣ: Серге́й Миха́йлович Брин | |
Ном ҳангоми таваллуд | русӣ: Сергей Михайлович Брин |
Таърихи таваллуд | 21 август 1973(1973-08-21)[1][2][3][…] (50 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | муҳандиси роёна, ихтироъкор, муҷрии касбу кор |
Падар | Michael Brin[d] |
Модар | Eugenia Brin[d] |
Завҷа | Anne Wojcicki[d] ва Nicole Shanahan[d][6] |
Фарзанд | Benji Wojin[d] ва Chloe Wojin[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Брин дар синни шашсолагӣ бо аҳли оилааш аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба ИМА муҳоҷират карда аст. Вай дараҷаи бакалаврии худро дар Донишгоҳи Мэриленд, Коллеҷи Парк ба даст оварда, бо пайравӣ аз падар ва бобояш бо омӯзиши математика ва ҳамчунин информатика ба рӯй овардааст. Пас аз хатм, ӯ барои ба даст оварани унвони докторӣ ба Донишгоҳи Стэнфорд дар риштаи информатика дохил шуд. Дар он ҷо ӯ бо Пейҷ ошноӣ пайдо кард, ки бо ӯ системаи ҷустуҷӯии веб сохта буданд. Барномаи ҷустуҷӯии онҳо дар Стенфорд маъруфият ба даст овард ва онҳо таҳсилоти доктории худро қатъ карданд, то стартапи Google-ро дар гаражи Сюзан Войчики дар Менло Парк боз кунанд.[13]