Аббосиён
From Wikipedia, the free encyclopedia
Аббосиён, банӣ Аббос (порсӣ: عباسيان ; ар. العبّاسيّون ал-’Аббосиййу́н,) — дуюмин силсилаи хилофати араб (750—1258). Аббосиён аз авлоди амаки паёмбар Муҳаммад (с) — Аббос ибни Абдулмутталиб (вафот 653) буданд.
Таърихи таъсис | 750 |
---|---|
Номида ба шарафи | Аббос ибни Абдулмутталиб[d] |
Бунёнгузор | Абулаббоси Саффоҳ[d] |
Кишвар | |
Иваз шуд ба | Тӯлӯниён[d] |
Таърихи фурӯпошӣ | 1517 |
Феҳристе аз | инсон |
Аббосиён дар натиҷаи низои байни аҳли ташайуъ Умавиён ва муваффақиятҳои дар ин раванд ба дастовардаи шиъаён Умавиёнро сарнагун карда, соҳиби маснади хилофат шуданд. Аббосиён бо паёмбар робитаи хешу таборӣ доштанд ва барои соҳиб шудан ба қудрат аҳли суннат ва ҷамоат ононро ҷонибдорӣ карданд. Созмони зиддиумавии Аббосиён махфӣ амал мекард ва марказаш дар Куфа қарор дошт. То соли 747 онро нафаре ба номи Букайр ибни Моҳон ва баъдҳо Абдусалом сарварӣ менамуданд. Азбаски аксари қувваҳои зиддиумавӣ дар Хуросон мутамарказ гардида буданд, он ба маркази асливу асосии наҳзати зиддиумавӣ табдил ёфта буд.