Нюрнберг
шаҳр дар Олмон / From Wikipedia, the free encyclopedia
Нюрнберг (олмонӣ: Nürnberg [ˈnʏɐ̯nbɛɐ̯k]) — шаҳр дар Олмон, ки дар шимоли қисми марказии Бавария, дар дарёи Пегнитс ҷойгир аст. Нюрнберг дуввумин шаҳри азими Бавария (пас аз Мюнхен) ва 14-ум дар Олмон аст (то моҳи январи соли 2019 535 939 нафар). Калонтарин маркази иқтисодӣ ва фарҳангии Франкония ва пойтахти ғайрирасмии он ба ҳисоб меравад.
Маҳалли аҳолинишин | |||||
олмонӣ: Nürnberg | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Маркус Кёниг | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Аввалин номбарӣ | 1050 | ||||
Масоҳат | |||||
Баландии марказ | 209 ± 0 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d], UTC+02:00 ва Central European Time[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | +49 | ||||
Нишонаи почта | 90402–90491 | ||||
Коди мошин | N | ||||
nuernberg.de(олмонӣ) | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Нюрнберг якчоя бо шаҳрҳои Фюрт, Швабах ва Эрланген агломератсияи миллионнафариро ташкил медиҳад, ки он асоси минтақаи Франкони Миёна мебошад. Шаҳрҳои ҳамсоя (ғайр аз Фюрт ва Эрланген) Инголштадт 90 км дар ҷануб, Регенсбург 107 км дар шарқ ва Вюртсбург 110 км дар шимолу ғарб ҷойгир мебошанд. Мюнхен 170 км дар ҷануб, Штуттгарт 200 км дар ҷанубу ғарб ва Франкфурт 225 км дар шимолу ғарб ҷойгир аст.
Аҳолии Нюрнберг соли 1880 аз 100 ҳазор нафар гузашт, ки ба туфайли он Нюрнберг ба гурӯҳи шаҳрҳои калон дохил шуд ва соли 1910 шумораи аҳолӣ ба 333 ҳазор нафар расид.
Минтақаи Нюрнберг тақрибан бо ду миллион аҳолӣ, 10 000 км² масоҳат ва саҳм дар маҷмӯи маҳсулоти миллии 50 миллиард евро яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қавӣ дар Олмон мебошад.
Унвонҳо ва лақаби Нюрнберг ғайрирасмӣ инҳоянд: "Хазинаи империяи Олмон"[4][5], "Дюрерштадт", "Мейстерсингерштадт", "шаҳри Кристкиндлсмаркт", шаҳри бозичаҳо, кулчақанди "лебкухен" ва ҳасибҳои Братврст.