Феҳристи президентҳои Австрия
саҳифаи феҳристӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Ба ин феҳрист ҳамаи президентҳои Австрия, аз ҷумла президентҳои Ҷумҳурии якуми Австрия (аз соли 1919 то 1938) ва Утриш Австрияи муосир (аз соли 1945 то имрӯз) шомиланд. Ҷумҳурии якуми Австрия пас аз фурӯпошии Австро-Венгрия пайдо шудааст, дар солҳои 1918-1919 он бо номи Австрияи Олмон вуҷуд дошт. Карл Зейтз нахустин президенти муваққатии Ҷумҳурии якуми Австрия шуд. Дар давраи аз 1938 то 1945,Утриш (Австрия) ба ҳайати Олмони фашистӣ дохил карда шуд ва пас аз ба охир расидани Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дубора истиқлол ба даст овард.