Феҳристи сарвазирони Вйетнам
From Wikipedia, the free encyclopedia
Сарвазири Ҷумҳури Сотсиалистии Вйетнам ( вйетн. Thu tưong Chinh phu nuoc Cong hoa xa hoi chu nghia Viet Nam ), аз соли 1981 то соли 1992 ин вазифа Раиси Шӯрои Вазирон ( вйетн. Chu tich Hoi đong Bo truong) — сардори хукумати Вйетнам. Сарвазири Вйетнам ҳам котиби ташкилоти ҳизбй оид ба корҳои давлатй ва ҳам чонишини раиси Шӯрои мудофиа ва амният буд. Азбаски Вйетнам давлати якҳизбй буд, хамаи сарвазирони Ҷумҳури Демократии Вйетнам ва Ҷумҳури Сотсиалистии Вйетнам аъзоёни Ҳизбии коммунистии Вйетнам буданд. Сарвазири кунунии Вйетнам Фам Мин Тин мебошад .
Аввалин сарвазири Ҷумҳурии Демократии Вйетнам Хо Ши Мин буд . Дар давоми тамоми таърихи ҶДВ ва ҶСВ вазифаи сарвазирро 8 кас (ба ғайр аз сарвазирони Вйетнами Чанубӣ) ишғол мекард.
Сарвазири Вйетнамро Маҷлиси миллӣ бо тавсияи президенти Вйетнам интихоб мекард ва ӯ дар назди Маҷлиси миллӣ, ки ҳамаи вазирони ҳукуматро интихоб мекунад, масъул мебошад. Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти Сарвазир бояд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шаванд ва Кумитаи доимии Маҷлиси миллӣ фаъолияти ҳаррӯзаи Ҳукумат ва Сарвазирро назорат мекунад. Аъзоёни Мачлиси миллӣ ҳуқуқк доранд, ки ба сарвазир ва дигар аъзоёни Ҳукумати Вйетнам дархост фиристанд.