Илоҳиёт
From Wikipedia, the free encyclopedia
Илоҳиёт (ар. الهیات), худошиносӣ, яздоншиносӣ — адои бурҳон дар бораи Худо аст.
Ин унвон метавонад ба хониши дигар мавзӯоти динӣ низ ишора кунад. Ҳамчунин илоҳиёт мутолиаи интиқоди мафҳумҳо дарбораи Худо ва моҳияти баҳсҳои динӣ аст. Илоҳиёт ба унвони як риштаи мустаҳками донишгоҳӣ дар донишгоҳҳо, семинарҳо ва мактабҳои динӣ, таълим дода мешавад[1].
Августин Қиддис муодили вожаи лотини съулогия (theology) илоҳиётро чунин таъриф мекунад: «Истидлол ва баҳс дарбораи Худо»[2]. Ричард Ҳукер илоҳидони англисӣ илоҳиётро ба унвони «илми умури илоҳӣ» таъриф кардааст[3]. Ин вожа метавонад дар айни ҳол ба маъниҳои гуногуне аз риштаҳо ва ҳавзаҳои гуногун шарҳ дода шавад[4]. Илоҳидонон суратҳои гуногуне аз далелҳо ва таҳлилҳои мухталифи фалсафӣ, каломӣ, таърихӣ ва таҷрибиро ба кор мебаранд то аз шумори зиёди мавзӯъҳои динӣ дифоъ кунанд, ё аз онҳо интиқод кунанд ё онҳоро бифаҳманд ва баён кунанд. Илоҳиёт метавонад илоҳидононро ба суратҳои зер кумак кунад:
- Фаҳмидани дурусттари суннатҳои динишон[5]
- Фаҳмидани дурусттари суннатҳои динии дигар[6]
- Муқоиса кардан миёни суннатҳои динӣ[7]
- Дифоъ аз як суннати динӣ
- Ислоҳ кардани як суннати хос[8]
- Кумак ба таблиғи як суннати динӣ[9]
- Таваҷҷуҳ ба манбаъҳои як суннат барои мухотаб қарор додани бархе вазъиятҳо ва ниёзҳои ҳозир[10]
- Таваҷҷуҳ ба манбаъҳои як суннат барои ҷустуҷӯи роҳҳои мумкини тафсири ҷаҳон[11]
- Ковиши моҳияти илоҳӣ бидуни боздоштан ба суннати хос
- Ковиш, мухолифат ё як суннати динӣ ё як ҷаҳоннигарии динӣ