Toyota
From Wikipedia, the free encyclopedia
Toyota Motor Corporation (ҷопонӣ: トヨタ自動車株式会社 тоёта дзидо:ся кабусики-гайся)) — бузургтарин ширкати худравсозии ҷопонӣ, ки ҳамчунон дар дигар соҳаҳои тиҷорат фаол аст. Ширкати саҳҳомии оми автомобилбарории бузургтарини ҷаҳон[3], ва бузургтарин ширкати саҳҳомии Ҷопон аст[4]. Қароргоҳи асосиаш дар шаҳри Тоёта, префектураи Айтии Ҷопон ҷойгир аст. Дар рӯйхати ширкатҳои бузурги саҳҳомии Forbes Global 2000 барои соли 2022 ширкати Toyota Motor ҷои 10-ум[5], дар рӯйхати Fortune Global 500 — 13-ум ҷоро ишғол мекунад[6].
Quick Facts Навъ, Листинг дар биржа ...
Навъ | худравсоз[d], commercial organization[d], бренд ва ширкати саҳҳомии ом[d] |
---|---|
Листинг дар биржа | Шаблон:Tyo, Шаблон:NYSE |
Таъсисёбӣ | 28 августи соли 1937 |
Бунёнгузорон | Киитиро Тоёда |
Макон | : Тоёта, Айти |
Афроди калидӣ |
Такэси Утиямада (раиси шӯрои директорон) Акио Тоёда(президент ва CEO)[1] |
Бахш | Шаблон:МСОК |
Гардиш |
▲ 31,38 трлн иен ($272,9 млрд, 2022)[1] |
Даромади амалиётӣ |
▲ 2,996 трлн иен ($26,1 млрд, 2022)[1] |
Фоидаи соф |
▲ 2,85 трлн иен ($24,8 млрд, 2022)[1] |
Активҳо |
▲ 67,689 трлн иен ($589 млрд, 2022)[1] |
Шумораи кормандон | 372 817 (2022)[2] |
Ширкатҳои духтарӣ |
Toyota Financial Services Daihatsu Hino Motors Denso Toyota Industries Lexus |
Аудитор | PricewaterhouseCoopers |
Сайт | global.toyota(ҷоп.) |
Close
Toyota Motor Corporation узви асосии Toyota Group мебошад. Тамғаи Toyota бештар бо ин ширкат алоқаманд аст. Корхона фаъолияти худро аз истеҳсоли дастгоҳҳои автоматии бофандагӣ оғоз кардааст.