Австралия
From Wikipedia, the free encyclopedia
Австралия (англ. Australia) — қитъа дар Нимкураи ҷанубӣ (хурдтарин дар кураи Замин). Аз Шимол ба Ҷануб 3200 км (аз 10° 41′ арзи ҷанубӣ, димоғаи Ёрк то 39° 11′ арзи ҷанубӣ, димоғаи Ҷануби Шарқӣ) ва аз Ғарбу ба Шимол ба масофаи 4100 км (аз 113° 05′ тули шарқӣ, димоғаи Стип-Пойнт то 153° 34′ тули шарқи, димоғаи Байрон) тӯл кашидааст. Австралияро аз Ғарбу ва Ҷануб Уқёнуси Ҳинд, аз Шимол ва Шарқ баҳрҳои Уқёнуси Ором — Тимор, Арафур, Марҷон, Тасман иҳота кардаанд. Масоҳати Австралия 7631,5 ҳазор км² (бо ҷазҳои Тасмания, Кенгуру, Мелвилл ва ғайра 7704,5 ҳазор км²). Соҳилҳояш чандон ҳам каҷу килеб нест; дар Шимол халиҷи Карпентария, дар Ҷануб хал. Калони Австралия воқеанд. Нимҷаз. калонтаринаш Кейп-Ёрк. Қадқади соҳили шимолу шарқии Австралия бузургтарин дар ҷаҳон Рифи Калони Масдуд 2300 км тӯл кашидааст, ки он силсилаи ҷазҳои марҷонӣ мебошад.
Шиор: нест | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Австралия|Advance Australia Fair ]]» | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Подшоҳии Муттаҳида) |
Забони расмӣ | de facto Забони англисӣ |
Пойтахт | Канберра |
Шаҳри калонтарин | Сидней |
Идораи давлат | Монархияи Конститутсионӣ |
Малика Генерал-губернатор Сарвазир | Елизаветаи II Дэвид Ҳёрлӣ Кевин Радд |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 6-ум ҷой дар ҷaҳон 7 686 850 км² 1 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2007) • Зичӣ | 52-ум ҷой дар ҷaҳон 21 002 000 2,6 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2001) • Ба сари аҳолӣ | 16-ум ҷой дар ҷaҳон 611 млрд. $ 29 893 $ |
Пули миллӣ | Доллари Австралия (AUD) |
Интернет-Домен | .au |
Коди телефон | +61 |
Соат | UTC +8 … +10 |
^ статуси юридикӣ надорад | |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |